Озодӣ: Андешаҳои Шумо дар бораи бозии аввал чӣ гуна аст?
Шамсиев: Маълум аст, ки бозиҳои аввал вазнин мешаванд. Бозии мо бо “Энергетик” вазнин гузашт. Ҳарду даста лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд, вале аз онҳо истифода карда натавонистанд. Дарвозабони мо Фаррух Бердиев маҳорати баланд нишон дод ва чандин бор дарвозаашро аз гол эмин дошт. Мо аз мухлисони дастаи худ, ки аз шаҳри Истаравшан ба Душанбе омада, дар варзишгоҳи “Авиатор”футболбозонро дастгирӣ карданд, миннатдорем.
Асрор Шораҷабов, раиси бошгоҳи "Истаравшан"
Озодӣ: Оё Шумо аз ҳисоби ин бозӣ қаноатмандед?
Шамсиев: Бале, қанотмандем. Зеро ки дар сафар як хол ба даст овардан ин ба ғалаба баробар аст.
Озодӣ: Лутфан бигӯед, ки дар назди даста дар мусобиқаи имсола чӣ вазифа гузошта шудааст?
Шораҷабов: Вазифаи мо дар чемпионати имсолаи Тоҷикистон дар байни панҷ дастаи беҳтарин ҷойгир шудан аст.
Озодӣ: Дар бошгоҳ чӣ гуна шароитҳо муҳайёст ва ба “Истаравшан” киҳо кӯмаки молӣ мекунанд?
Шораҷабов: Шароитҳо хубанд. Моҳи октябри соли 2012 бо ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи навсозишудаи шаҳри Истаравшан дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Барои навсозии ин варзишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ беш аз 13 миллион сомонӣ сарф гардида, он дорои 18 ҳазор ҷойи нишаст мебошад. Мо аз раиси шаҳри Истаравшан Иброҳимҷон Абдуллоев, ки дастаро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад, сипосгузорем. Инчунин аз Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Оби зулол”, ки ба даста кӯмаки молӣ мекунад, миннатдорем.
Озодӣ: Ташаккур барои суҳбат. Ба дастаи “Истаравшан” дар мавсими имсолаи футбол муваффақият мехоҳем.
Баъдан мо бо Тоҳир Муъминов, сармураббии дастаи “Энергетик”, ҳамсӯҳбат шудем. Вай чунин гуфт: “Бозиҳои аввали мусобиқа дар фасли баҳор одатан бо муборизаи баробар мегузаранд. Дар ин маврид дар хона ва ё дар сафар бозӣ кардан омили муҳим нест. Дастаи мо дар нимаи дувуми бозӣ бисёр лаҳзаҳои хуби голзанӣ дошт. Мо бояд бозиро мебурдем, вале корамон омад накард.
Тоҳир Муъминов, сармураббии дастаи "Энергетик"
Дастаи “Истаравшан” бо дастгирии мухлисонаш хуб бозӣ кард, бахусус, дар хатти дифоъ. Дар бозии навбатӣ ба ҳайати дастаи мо ду ҳимоятгар, легионерҳо аз Гана ҳамроҳ мешаванд. Баъди як даври дигар бозигари мо Павел Калугин ва пас аз ду бозии дигар капитани даста Сафархон Мирзоев, ки дар бозии мусобиқаи порсола бо тими “Истаравшан” барои лату кӯби сардовар аз мусобиқа хориҷ шуда буданд, боз ба майдон меоянд. Мо аз он хушҳолем, ки нахустин бозии мусобиқаи имсоларо дар варзишгоҳи “Авиатор” мухлисони зиёд тамошо карда, ҳаловат бурданд. Умедворем, ки мусобиқаи имсола пуршиддату шавқангез сурат мегирад. Вале ногуфта намонад, ки вазъи майдонҳои бозӣ беҳбудӣ мехоҳад. Мо дар назди даста пас аз даври панҷум вазифаи мушаххас мегузорем.”